Joomla шаблоны бесплатно http://joomla3x.ru

ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ

Сармуҳаррир: Назар М. А. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Муовини сармуҳаррир: Ҳайдаров Р. Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа

Котиби масъул: Саидҷафарова П. Ш. – номзади илмҳои фалсафа

 

Аъзои ҳайати таҳририя:

Олимов К. О. – академики АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Муҳаммад А. Н. – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Ятимов С. С. – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Шоисматуллоев Ш. – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои сотсиология, профессор

Раҳимзода М. З – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Музаффар М. – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Усмонзода Х. У. – аъзо-корр. АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор

Искандаров А. – доктори илмҳои сиёсӣ

Саидов А. С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Раҳимов С. Х. – доктори илмҳои фалсафа

Маҳмадҷонова М. Т. – доктори илмҳои фалсафа, дотсент

Қаҳоров Ғ. Ғ. – доктори илмҳои фалсафа

Мирзоев Ғ. Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа

Ҷонбобоев С. – номзади илмҳои фалсафа

 

 

Суроғаи маҷалла:

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.

Тел.: (+992-37) 221-07-31

Факс: (+992-37) 221-07-31

Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.    This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.   

 
Нашрияи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои таҳқиқоти рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ нашр мегарданд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳои илмӣ ва тақризҳо ташкил медиҳанд. Маҷалла дар як сол чаҳор маротиба нашр мегардад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумораи он ба табъ мерасад. Номгӯ ва мавзӯоти фарогири маҷалла бо самтҳои илмӣ ва гурӯҳи тахассусҳои кормандони илмӣ мувофиқ буда, бо феҳрасти (Номенклатураи) тахассусҳои илмие, ки аз рӯи он дарёфти дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия аз 20-уми феврали соли 2015 №114 тасдиқ карда шудааст (дар Вазорати адлияи Федератсияи Руссия 21 апрели соли 2015 №36946 ба қайд гирифта шудааст), мутобиқат менамояд.  
Нашрия ҳамаи маводҳоеро, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, бо мақсади муайян намудани мувофиқати мавзӯи мавод бо феҳристи мавзӯоти маҷалла ва ба хотири додани баҳои экспертӣ, тақриз медиҳад. Ҳамаи муқарризон дар соҳаи мавзӯоти маҷалла мутахассисони варзида мебошанд ва дорои мақолаҳои илмии муовиқ бо мавзӯҳои маҷалла ҳастанд. Ҳайати таҳририяи маҷалла ба муаллифон нусхаи тақриз ва ё тақризи манфие, ки дар он сабабҳои чоп нагардидани мақола дар маҷалла нишон дода шудааст, ирсол менамояд.  
Маҷалла дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шудааст ва марҳила ба марҳила ба Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) дар бораи мақолаҳои нашршудаи шумораҳои маҷалла маълумот пешниҳод менамояд. Бойгонии электронии маҷалла ҳам дар сомонаи расмии маҷалла ва ҳам дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (Китобхонаи илмии электронӣ eLIBRARY.RU) ҷойгир карда шудааст. Дар сомонаи расмии маҷалла ҳамаи маводҳо дастраси хонандагон мебошанд.
Ҳайати таҳририя аз 2 академик, 3 аъзо-корреспондент, 10 доктори илм ва 2 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо аз ҳисоби кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ интихоб гардидаанд. Ҳамаи аъзоёни ҳайати таҳририя мутахассисони варзида мебошанд.
Ҳамаи мақолаҳое, ки дар маҷалла чоп мегарданд, дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда буда, ба талаботи маҷалла мувофиқат менамоянд.
Ҳамаи мақолаҳои чопшаванда дорои шарҳи мухтасари мазмуни мавод ва калидвожаҳо мебошанд.
Маҷалла дорои рақами стандартии байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN0235-005X).
 

Бахшҳои асосии маҷалла:

Илмҳои фалсафа

Илмҳои сиёсӣ

 

ҚОИДАҲО БАРОИ МУАЛЛИФОН

Ҳайати таҳририяи маҷалла ба таваҷҷуҳи муаллифон мерасонад, ки мақолаҳои худро дар шаклҳои чопию электронӣ, бо назардошти ҷанбаҳои илмию амалии таълифот ирсол намоянд.

Дар маҷаллаи «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мақолаҳое чоп мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқот оид ба масъалаҳои илмҳои фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ марбут бошанд.

Мақолаҳо мутобиқ ба қоидаҳои мазкур бо тавсияномаи яке аз шуъбаҳои Институт ё яке аз аъзои ҳайати таҳририя барои чоп қабул карда мешаванд.

Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва вожаҳои калидию фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 12 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз чор ҷумла ва миқдори калидвожаҳо бояд то даҳ адад бошанд. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman (барои мақолаҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (барои мақолаҳои тоҷикӣ), фосилаи 1,5 ва канораҳои матн аз ҳар тараф – 2,5 см бошанд. Корбурди ҳарфҳои хоси тоҷикӣ дар мақолаҳои тоҷикӣ бо гарнитураи Times New Roman Tj, фишурда ва калидвожаҳо ҳатмист. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошанд.

Ба мақола тавсияи муассиса (барои муаллифони беруна), тақризи шуъбаи марбутаи Институт, фишурда, калидвожаҳо (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар ду нусха, бо нишондоди унвони мақола, сарҳарфи ном ва насаби муаллиф ҳамроҳ карда мешаванд.

Барои чоп маводи таҳқиқотие, ки қаблан дар дигар нашрияҳо чоп нашуда бошанд, қабул карда мешаванд. Дар охири мақола, баъд аз матн ва фишурдаи рӯйхати адабиёти истифода шуда зикр гардида, аз тарафи чап номи муассисае, ки мақоларо пешниҳод кардааст, инчунин маълумот дар бораи муаллиф, телефон ва имзои муаллиф (муаллифон) оварда мешавад.

Ҳангоми тартиб додани рӯйхати адабиёти истифодашуда мушахассоти зеринро бояд қайд кард: а) барои китобҳо – насаб ва сарҳарфи ном ва номи падар, унвони пурраи китоб, макони чоп, нашриёт, соли нашр, рақами ҷилд, саҳифа; б) барои мақолаҳо аз маҷаллаву маҷмӯаҳо – насаб ва сарҳарфи ном ва номи падар, унвони пурраи мақола, номи маҷалла ё маҷмӯа, соли нашр, шумора ва саҳифа (барои маҷмӯа). Ҳангоми иқтибоси такрорӣ аз як манбаъ шакли маъмулии ихтисоршавӣ истифода мешавад.

Агар дар матн ҷадвалҳо оварда шуда бошанд, нусхаҳои иловагии онро дар варақ чоп карда, бо нишон додани саҳифаи матлуб ба мақола ҳамроҳ кардан лозим аст.

Дар ҳолати баргардонидани мақола ба муаллиф барои ислоҳот ё ҷиҳати таҳрир, муаллиф бояд ислоҳоти заруриро ворид карда, нусхаи охирини ислоҳшударо якҷоя бо нусхаи аввалӣ, инчунин шакли электронии мақолаи ислоҳшударо дар муддати то 3 рӯз ба идора бозгардонад.

Масъулияти истифодаи маълумоте, ки барои чопи озод иҷозат нест, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дӯши муаллифон аст.

Идораи маҷалла ҳуқуқи ихтисорнамудан ва ба дастнависҳо тағйирот ворид карданро дорад.

Мақолаҳое, ки ба қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, барои чоп қабул карда намешаванд.

Тартиби

ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОЕ, КИ БА “АХБОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН” ПЕШНИҲОД ШУДААНД

 

Мақолаҳои ба идора расида, ташхисро гузашта (ташхисро аъзои таҳририя – мутахассисони бахшҳои марбутаи илм мегузаронанд), сипас тибқи тартиботи муқарраршуда қабул карда мешаванд. Талабот ба таҳия кардани мақолаҳо бо унвони "Қоидаҳо барои муаллифон" дар ҳар шумораи маҷалла чоп мешавад.

Дастнависи мақолаҳоеро, ки ба қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, идора қабул намекунад. Эродҳо оид ба мазмун ва сохтори мақолаҳо бояд пеш аз супурдан ба тақриз ислоҳ карда шаванд.

Сипас ба мақолаҳо бо тартиби муайян, аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷалла ё мутахассисони ба мавзӯи мақола алоқаманд, (номзад ва докторҳои илм) тақриз дода мешавад.

Тақриз бояд хусусиятҳои илмии мақола, аз ҷумла, навоварӣ дар масъалагузорӣ, муҳимият, арзишҳои фактологӣ ва таърихӣ, дақиқ будани иқтибосҳо, услуби баён, корбурди манбаъҳои муосир ва инчунин камбудиҳои чойдоштаро фаро гирад. Дар хулосаи тақриз бояд баҳои умумӣ ва тавсия барои нашр ё баъд аз ислоҳ нашр кардан, ё барои тақризи иловагӣ гирифтан аз мутахассиси марбут ба мавзӯъ, ё ба чоп тавсия надодан қайд шавад.

Ҳаҷми тақриз бояд на камтар аз як саҳифа бошад.

Мақолае, ки ба такмил зарурат дорад, бо қайду эродҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон баргардонида мешавад. Муаллифон бояд ислоҳоти заруриро ба мақола ворид карда, нусхаи охирини мақоларо якҷоя бо шакли электронии он ва матни дастнависи аввала ба идора супоранд. Пас аз такмили муаллиф, мақола дубора барои тақриз фиристода мешавад ва ҳайати таҳририя қарори нашр шудани онро мебарорад.

Мақола ҳамон вақт барои нашр пазируфта мешавад, ки тақризи ба он дода шуда мусбат бошад ва ҳайати таҳририя онро ҷонибдорӣ намоянд. Тартиб ва навбати чопи мақола ба санаи расидани нусхаи охирини ислоҳшуда ба хайати тахририя вобаста мебошад.

Тақризнависӣ ба мақола ба таври махфӣ сурат мегирад.

Ошкор кардани ҷузъиёти махфии тақриз ҳуқуқи муаллифро вайрон мекунад. Нусхбардории мақола барои корҳои шахсӣ ба муқарризон иҷозат дода намешавад.

Муқарризон ва инчунин ҳайати таҳририя то лаҳзаи аз чоп баромадани мақола ҳуқуқи истифодабарии маълумоти дар мақолаҳо дарҷшударо надоранд.

 

   
© Автор и дизайнер сайта: Сафарализода Худжамурод Куддуси